Иштироки кормандони милитсияи пойтахт дар намоиш-фурӯши китоб
Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гашт. Роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои милитсияи пойтахт дар ин аксияи китоб фаъолона ширкат намуданд.
Кормандони милитсия бо китобҳои тозанашр шиносоӣ пайдо намуда, барои мутолиаи худ ва фарзандон аз китобҳои бадеию таърихӣ, девони ашъори бузурон ва китобҳои соҳавӣ дастрас намуданд.
Ҳамзамон як чанд ададӣ аз ҳамаи китобҳои ба намоиш гузошта шуда, ба фонди китобхонаи Раёсат ва Шуъбаҳои корҳои дохилӣ ворид карда шуданд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе






























