• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ҷавони 24-сола бо ҷурми анҷом додани ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати ноболиғ
Боздошти ҷавони 24-сола бо ҷурми анҷом додани ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати ноболиғ

Боздошти ҷавони 24-сола бо ҷурми анҷом додани ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати ноболиғ

  Дар натиҷаи коркарди ахбороти оперативӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, Шарифзода Додихудо сокини 24-солаи ноҳияи Деваштич, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти марбут ба муқобили озодии ҷинсӣ дастгир карда шуд.
  Дар натиҷаи баргузории корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда аз моҳи ноябри соли 2024 то ин ҷониб бо як нафар духтари ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидоштаро анҷом медодааст.
  Ҳамзамон муайян гардид, ки номбурда боз нисбати 3 нафар ноболиғ ва занони дигар ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст.
  Нисбати Шарифзода Д., бо моддаи 141 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни замон номбурда дар ҳабс қарор дошта, бо мақсади қабули қарори қонунӣ парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии Суд қарор дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin