Баррасии муроҷиати шаҳрванд

Баррасии муроҷиати шаҳрванд

  Баррасии муроҷиат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, яке аз вазифаҳои асосии мақомоти милитсия ба шумор меравад.
  Аз ҷумла, дар асоси шикояти як нафар ҷавондухтари сокини пойтахт, аз ҷониби кормандони милитсия Мирзоев Комрон-ронандаи “Хундай”, рақамҳои давлатиаш 7707МК10 дастгир карда шуд. Номбурда дар дохили воситаи нақлиёт нисбати ҷаводухтари мусофир, амалу ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ анҷом додааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Мирзоев К. маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ аз ҷониби Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд. Акнун ба подоши амалҳои ғайриқонунӣ номбурда Соли навро дар пушти панҷараву корҳои ислоҳӣ, дар Қабулгоҳи махсуси милитсия сипарӣ хоҳад кард.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin