Пинҳон намудани рақамҳои воситаҳои нақлиёт бо мақсади аз ҷавобгарӣ дур шудани ронандагон

Пинҳон намудани рақамҳои воситаҳои нақлиёт бо мақсади аз ҷавобгарӣ дур шудани ронандагон

  Баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки пайваста ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, бо мақсади дур шудан аз ҷавобгарии маъмурӣ ва пинҳон шудан аз навори камераҳои назоратӣ, рақамҳои нақлиёти худро бо истифода аз ҳар гуна ашё пинҳон кардаистодаанд. Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони бозрасӣ рейди мақсаднок гузаронида шуда, давоми шабонарӯзи гузашта 4-ҳолати чунин қонуншиканӣ муайян карда шуд.
  Аз ҷумла, Ҳоҷиев Муҳибҷон-ронандаи автомашинаи “AION”, рақамҳои давлатиаш 1478TT10,

Қурбонов Ҷумахон-ронандаи “Мерседес Бенс”, рақамҳои давлатиаш 6980МР01,

 

Имомназаров Ораз-ронандаи “Тайота Лендкрузер”, рақамҳои давлатиаш 1979РТ01,

ва Ниёзов Шералӣ-ронандаи “Опел Астра”, рақамҳои давлатиаш 0036DA01, ки даст бо чунин роҳ рақамҳои худро пинҳон кардаанд, боздошт карда шуданд.

  Нисбати ҳамаи онҳо бо моддаи 312 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
  Ба иттилои ронандагон расонида мешавад, ки кормандони бозрасӣ рейду амалиётҳои санҷиширо дар ин самт ҷоннок намудаанд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin