Ошкорсозии 2-ҳолати идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ
Ҳамарӯза зимни хизматбарӣ кормандони бозрасӣ ҳолатҳои зиёди қоидавайронкунӣ ошкор менамоянд, ки дағалтарини он дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ба шумор меравад. Шабонарӯзи гузашта низ ду далели дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандагон муайян карда шуд. Аз ҷумла, Бегназаров Меҳрубон ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай-Старекс», рақамҳои қайди давлатиаш 6615СА01 ва Маҳмудов Мурод ронандаи нақлиёти тамғаи “Портер” рақами қайди давлатиаш 004VP02 дар ҳолати сархушӣ боздошт гардидиданд.
Нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе