12-далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт

12-далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт

  Кормандони бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе, ҳама рӯза дар ҳудуди пойтахт бо мақсади ошкор ва пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ чорабиниҳои мақсаднокро таҳия ва амалӣ месозанд.
  Давоми як ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 2119-адад қоидавайронкуниҳои гуногун муайян ва ба қайд гирфта шудаанд.
  Аз ҷумла, 12-далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт муайян карда шудааст, ки воқеан нигаронкунанда аст. Гарчанде дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт хатарнок ба шумор рафта, ҳодисаҳои зиёди садамаҳои нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда бошанд, ҳам вале боз нафароне ҳастанд, ки дидаву дониста ҷони худ ва атрофиёнро зери хатар мегузоранд.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати ҳамаи ронандагони қонуншикан тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
  Тибқи талаботи моддаи мазкур ба чунин ронандагон ҷазои маъмурӣ ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin