Таҷлили Рӯзи таъсисиёбии Бозрасии давлатии автомобилӣ

Таҷлили Рӯзи таъсисиёбии Бозрасии давлатии автомобилӣ

  Ба муносибати таҷлили Рӯзи таъсисёбии Бозрасии давлатии автомобилӣ, дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

  Зимни мулоқот сардори мақомоти милитсияи пойтахт, генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух аз далериву ҷасурӣ, матонату мардонагӣ ва хизматҳои шоёну сарсупурдагиҳои кормандони бозрасӣ ёдовар шуд.


  Таъкид гардид, ки сол то сол сатҳи донишу малакаи касбӣ ва таъминоти моддию техникии ин ниҳоди мақомоти корҳои дохилӣ беҳтар гардида, ҳамарӯза дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin