Пешгирии муомилоти асъори қалбакӣ

Пешгирии муомилоти асъори қалбакӣ

  Шаҳрванд Катамардов Тоиршоҳ Олимшоевич, санаи таваллудаш 21.02.1997, сокини ш.Душанбе, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҳамчун гумонбар барои ба муомилот баровардани асъори қалбакии доллар дастгир карда шуд.
  Дар натиҷаи пешбурди тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда асъори қалбакии доллари амрикоиро тавассути як нафар ҳаммаслакаш аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт онро ба муомилот баровардааст.
  Аз ҷумла, гумонбаршаванда Катамардов Т. бар ивази маблағи қарз ба як нафар ҷавони сокини пойтахт 11-адад купюраи 100-доллараи қалбакӣ пардохт намуда, ӯро фиреб кардааст.


  Ҳамзамон, баъди дастгир гардидан, зимни кофтуков аз ҷайби номбурда 21-адад купюраҳои 100-доллараи қалбакӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
  Айни замон Катамардов Тоиршоҳ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin