• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи 62-адад силоҳи сард, давоми 6-моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ
Мусодираи 62-адад силоҳи сард, давоми 6-моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ

Мусодираи 62-адад силоҳи сард, давоми 6-моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ

  Бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, махсусан корд аз ҷониби наврасон, дар бештари маврид оқибат ба ҷиноятҳои фалокатбор меанҷомад.
  Маҳз бо мақсади пешгирии сар задани чунин муноқишаҳо аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт давоми чанд соли охир амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ гардидааст.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи амалиётҳои санҷишӣ давоми 6-моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ, аз ҷониби кормандони милитсия дар умум 62-адад предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шудаанд, ки 51-адад кордҳои гуногунтамға, 7-адад кастет, 2-адад битта, 1-ададӣ электрошокер ва табарро ташкил медиҳанд.
  Нигаронкунанда он аст, ки 60-адади чунин предметҳо маҳз аз дасти ноболиғон дарёфту мусодира карда шуда, нисбати волидайни онҳо тибқи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
  Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли волидайн ва он нафароне, ки дар таълиму тарбия наврасон масъуланд эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва дар таътили тобистона ба хондани китобҳои бадеию иҷрои амалҳои манфиатбахш сафарбар намоянд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin