• Home »
  • ХАБАР »
  • Мизи мудаввар: «Саҳми шӯроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия»
Мизи мудаввар: «Саҳми шӯроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия»

Мизи мудаввар: «Саҳми шӯроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия»

  Дар Раёсати ВКД дар ш.Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми шӯроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия» баргузор гардид.
  Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати ВКД дар ш.Душанбе генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух, Ҳамоҳангсози милӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Азизуллозода Сафиалло Азизулло, афсари милии равобит оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсияи Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе, Маҳмадиев Ҳайдар, роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт ва раисону аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятӣ ширкат намуданд.


  Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои муштараки мақомоти милитсия бо шӯроҳои ҷамъиятӣ аз соли 2014 оғоз ёфта, то ин замон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия саҳми арзанда гузоштааст.


  Дар ҷараёни мизи мудаввар ҳамзамон як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани робита ва ҳамкории милитсия бо шаҳрвандон, як қатор таклифу пешниҳодҳои муфид сурат гирифт.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin