Маъюб нишон додану талбандагӣ намудан…

Маъюб нишон додану талбандагӣ намудан…

  Саломатӣ беҳтарин неъматест, ки мебояд ба қадри он расид. Тассуфовар аст, ки баъзе аз шаҳрвандон барои ба даст овардани маблағи ночизе худро маъюбу дардманд вонамуд карда, ба талбандагӣ машғул мешаванд.
  Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ду ҳолати бо чунин шакл ба мардумфиребӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор карда шуд.
  Аз ҷумла, шаҳрванд Пардаев Раҳмиддин Искандарович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ваҳдат, ки ҷисман солиму бардам аст, зоҳиран худро ҳамчун маъюб вонамуд карда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба талбандагӣ машғул мегардид.


  Инчунин, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Таваров Ҳайдар Давлатович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Ҳисор боздошт гардид. Номбурда низ худро ҳамчун маъюб вонамуд карда, дар аробачаи маъюбӣ нишаста, дар байни роҳи мошингард ба талбандагӣ машғул буд.


  Гарчанде ин ду нафар қаблан барои минбаъд ба чунин амал машғул нагардидан расман огоҳонида шуда бошанд, ҳам вале кирдорҳои мардумфиребонаи худро идома додаанд.
  Вобаста ба ин нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати Пардаев Р. ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз ва нисбати Таваров Ҳ. ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъин карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin