• Home »
  • Баромадҳо »
  • Машварати роҳбарони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои ИДМ
Машварати роҳбарони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои ИДМ

Машварати роҳбарони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои ИДМ

  Санаи 11-уми июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе машварати роҳбарони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар пойтахтҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
  Дар мулоқот мушкилот ва таҷрибаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, мураккаб гаштани вазъи мубориза бо паҳншавии маводи мухаддир, пешгирии ҷиноятҳои нашъамандӣ аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ, мушкилоти ҳамкории байнидавлатӣ ва роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


  Қобили зикр аст, ки соли 2021 дар Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ формати нав ва тавре таҷриба нишон медиҳад, шакли зарурии ҳамкорӣ ҷорӣ карда шуд. Ин машварати роҳбарони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои ИДМ мебошад, ки бо мақсади таҳкими муколама ва густариши табодули таҷриба оид ба масъалаҳои муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҷинояткорӣ таъсис ёфтааст.
  Ширкатдорони машварати имрӯза низ бори дигар таъкид намуданд, ки табодули таҷриба дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.


  Бо ин мақсад, дар асоси натиҷаҳои зимни мулоқот ба даст омада, аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin