• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш оид ба навори дар интернет нашргардида
Вокуниш оид ба навори дар интернет нашргардида

Вокуниш оид ба навори дар интернет нашргардида

  Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, шаҳрванд Халифаев Мубориз Муҳаммадризоевич, санаи таваллудаш 20.06.1990, сокини шаҳри Душанбе, барои латукӯб намудани як нафар писарбачаи ноболиғ дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 12-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 11:30 дақиқа, дар кӯчаи Ю.Вафои ноҳияи Сино рух додааст.
  Дар натиҷаи пурсиш муайян карда шуд, ки дастгиршуда Халифаев Мубориз писарбачаи ҷабрдидаро барои гапгардонӣ латукӯб кардааст.
  Ҳодисаи мазкур мавриди санҷиш қарор дорад.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin