• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ
Боздошти вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ

Боздошти вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ

  Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Шарифов Шарифҷон, Мафтунаи Гулмаҳмад, Қурбонов Бобоҷон, Холмаҳмад Талбакзода ва Бобоев Мансур сокинони шаҳри Душанбе барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуданд.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 1-уми июли соли ҷорӣ, тахминан соати 5:30 дақиқа, дар кӯчаи Лоҳутии ноҳияи Шоҳмансур Шарифов Шарифҷон ва Мафтунаи Гулмаҳмад бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin