Авбошии гурӯҳии наврасон

Авбошии гурӯҳии наврасон

  Санаи 17-уми июли соли ҷорӣ, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи И.Сомонӣ як гурӯҳ наврасон байни ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Дар вақти муноқиша гумонбаршаванда Муминов А. бо корд якчанд маротиба ба узвҳои Солиев А. зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
  Ҳамчун гумонбар аз ҷониби кормандони ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ 6-нафар ҳамчун гумонбар дастгир карда шуданд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin