Ба шахси мусоидаткунанда 100 ҳазор сомонӣ мукофот супорида шуд!
Ошкор ва пешгирии кирдорҳои ҷиноятию ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, пеш аз ҳама дар натиҷаи ҳамкорӣ ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба даст меоянд.
Маҳз дар натиҷаи коркард ва санҷиши ахбороти аз ҷониби як нафар шаҳрванд, ки тариқи суроғаҳои электронӣ ба мақомоти милитсия ворид гардид, гумонбари ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки беш аз 6-моҳ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, муайян карда шуд.
Роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, ба шахси мусоидаткунанда изҳори сипос намуда, 100-ҳазор сомонӣ мукофот, ки барои ошкорсозии ин ҷиноят эълон гардида буд, ба ҷавони мусоидаткунанда супорида шуд.
Вобаста ба ин, аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бо милитсия ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ гоҳ бетараф набошанд.
Раёсати ВКД дар ш.Душанбе