Ҷаласаи Шӯрои занони милитсияи пойтахт

Ҷаласаи Шӯрои занони милитсияи пойтахт

  Занон дар мақомоти милитсия ҷойгоҳи хоссаи худро дошта, ба фаъолияти самараноки онҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ корманд-занон дар вазифаҳои гуногуну пурмасъулият пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти пурсамар доранд.
  Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, дастгириҳои иҷтимоӣ ва бартарафсозии мушкилоту норасоии фаъолияти корӣ, ҷаласаи Шӯрои занони милитсияи пойтахт баргузор гардид.


  Дар мулоқоти мазкур сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маҳмашарифзода Дилрабо Маҳмашариф, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ҳабиб Сайфулло Абдулло ва ҳамаи корманд-занони милитсияи пойтахт ширкат намуданд.


  Зикр гардид, ки корманд-занони милитсияи пойтахт бо талошу фаъолияти касбӣ, дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, нигоҳдории волоияти қонун ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
  Бо назардошти фаъолияти пурсамар, одобу рафтори намунавӣ ва малакаи баланди хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт як қатор корманд-занони милитсия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin