Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

  Имрӯз дар толори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки сардори Раёсат генерал-майори милитсия Саидзода Шоҳрух, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти милитсияи пойтахт, бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.


  Нахуст, сардори мақомоти милитсияи пойтахт чорабинии тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро ба ҳайати шахсии мақомоти милитсия расонид.
  Зимни суханронӣ мавсуф таъкид дошт, ки «Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, садоқатмандӣ ба халқу миллат ва сулҳхоҳии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки моҷароҷуӣ ва нофаҳмоиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуд. Миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст.»


  Ҳамзамон дар қисмати дигари чорабинии мазкур як қатор кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе вобаста ба талошу ҷоннисориҳои фарзандони далеру шуҷоъи Ватан ва муҳиммияти ваҳдату ҳамдилӣ суханронӣ намуданд.
  Таъкид гардид, ки мо-тоҷикону тоҷикистониён, махсусан кормандони мақомоти милитсия бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар партави дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хизмати софдилонаю содиқона ва дасту дили пок Ватан ва пойтахти азизи кишварамонро обод гардонем. Зеро таъмини амнияту суботи сокинону меҳмонон ва шаҳрвандони хориҷию сайёҳон аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсияи пойтахт вобастагии калон дорад.

 

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin