• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкорсозии 6-ҳолати фурӯши машрубот ба ноболиғон
Ошкорсозии 6-ҳолати фурӯши машрубот ба ноболиғон

Ошкорсозии 6-ҳолати фурӯши машрубот ба ноболиғон

  Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт бо мақсади ошкор ва пешгирии ба фурӯш гузоштани машрубот ва маҳсулоти тамоку амалиёти мақсадноки санҷишӣ гузаронида шуда истодааст.
  Дар натиҷаи санҷиш давоми як ҳафтаи охир танҳо дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия 6-ҳолати ба ноболиғон фурухтани машрубот ошкор карда шуд.
  Аз ҷумла, шаҳрвандон Нафасов Бунёд, Фирдавси Маҳмадназар, Беков Сиддиқ, Халифазода Фаридун, Икромиддинов Ҷалолиддин ва Ғафуров Абдулфайз, ки сокинони шаҳри Душанбе мебошанд дидаву дониста ба ноболиғон машруботро ба фуруш гузошта, бо мақсади ба даст овардани манфиати ночизе талаботи қонунгузории кишварро сарфи назар кардаанд.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 464 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуданд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin