Муроҷиатнома: Фурӯши машрубот ва маҳсулоти тамоку ба ноболиғон қатъиян манъ аст!

Муроҷиатнома: Фурӯши машрубот ва маҳсулоти тамоку ба ноболиғон қатъиян манъ аст!

  Гарчанде тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноболиғон фурухтани маҳсулоти тамоку, машрубот ва моддаҳои психотропию сахттаъсир қатъиян манъ гардида бошад ҳам, вале баъзе аз соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани манфиат ба ин амали нангин даст мезананд.
  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба он нафароне, ки ба фурӯши машрубот ва маҳсулоти тамоку машғуланд, муроҷиат намуда, таъкид месозад, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати ночизе ояндаи наврасонро зери хатар нагузоранд.
  Мақомоти милитсияи пойтахт, дар робита ба масъалаи мазкур як қатор чорабиниҳои мақсаднок ва рейду амалиёти санҷиширо таҳия ва амалӣ намуда истодаанд.
  Нисбати афроде, ки ба ноболиғон машрубот ва маҳсулоти тамоку мефурӯшанд, тибқи талаботи моддаҳои 463 иловаи 2 ва 464 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда мешаванд. Дар ҳолати такроран содир намудан, нисбати чунин фурӯшандагон тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ то 15-шабонарӯз татбиқ мегардад.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin