Вохурии судманд бо сокинону фаъолони ноҳияи Шаҳринав

Вохурии судманд бо сокинону фаъолони ноҳияи Шаҳринав

  Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ва намояндагони дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт, бо сокинону фаъолон, кормандони бахшҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва дигар сохторҳои ноҳияи мазкур мулоқоти судманд баргузор гардид.


  Ширкаткунандагон зимни баромадҳои худ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, нигоҳдории урфу одатҳои миллӣ, саҳм гузоштан дар пешрафту тараққиёти кишварамон, таълиму тарбияи наврасон, риояи ҳамаҷонибаи талабот ва меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар рӯҳияи Ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ тарбия намудани наврасон ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуданд.


  Ҳамзамон аз пешрафту шукуфоии пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе андешаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки пойтахти ҳар давлат оинаи он ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, риояи одоби шаҳрдорӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокину меҳмони он ба ҳисоб меравад.


  Дар идомаи мулоқот ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди соҳибхираду бофарҳанги тоҷик бо дарки масъулияти баланд дар осудагиву оромии кишвари маҳбубамон бо амалҳои неку фарҳанги баланд бояд саҳмгузор бошанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin