Мулоқоти навбатӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Ҳисор

Мулоқоти навбатӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Ҳисор

  Чуноне қаблан иттилоъ дода будем дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузории силсила мулоқоту вохуриҳои судманд бо сокинону фаъолон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тебеи марказ ба нақша гирифта шудааст.
  Мулоқоти навбатӣ бо сокинону фаъолон, аҳли ҷамоатчигӣ, бахши занон ва оила, кормандони бахшҳои маорифу ҷавонон ва собиқадоорони соҳаҳои гуногуни шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Дар ин вохурии судманд муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, роҳбарони як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ намуданд.


  Дӯст доштани ватан, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу бум ва ба наврасон талқин намудани эҳсоси ватандорӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Маҳз оромиву осоиштаҳолӣ, суботи сартосарӣ, ки дар натиҷаи риояи меъёр ва талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар ба даст меоянд, метавонад заминаи рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро фароҳам созад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди ҷомеаро мебояд ба қадри ин неъмати бебаҳои ваҳдату ягонагӣ ва суботу оромӣ расида, баҳри боз ҳам пешрафту шукуфон намудани кишвари азизамон талош намоянд, таъкид намуд, зимни суханронии хеш муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар.
  Воқеан, риояи талаботи қонунҳои амалкунанда, маҳз дар натиҷаи баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба даст меояд.


  Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Ҳамидзода Бароталӣ низ бо овардани факту далелҳои мушаххас аз рафти баргузории корҳои санҷишӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, таъкид дошт, ки мо танҳо дар ҳамбастагӣ метавонем пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу ба ҷомеа хавфнокро гирифта, ба наслҳои ояндаи худ як мулки ободу зеборо ба мерос гузорем. Аз ин лиҳоз аз ҳозирин хоҳиш карда шуд, ки ҳар як нафар бояд барои рушди ҷомеа пайваста талош намуда, дар ободии кишвари азизамон-Тоҷикистон саҳми худро гузорад.


  Дар идомаи мулоқот раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва як қатор фаъолону собиқадорони касбу кори гуногун суханронӣ намуданд.

 

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin