Монеагӣ ба якдигар, сабабгори содиршавии ҷинояти авбошӣ

Монеагӣ ба якдигар, сабабгори содиршавии ҷинояти авбошӣ

  Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ду нафар ронанда дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 21-июни соли ҷорӣ, тахминан соати 14:00, ронандаи «Опел-Зефира», рақами қайди давлатиаш 7481СТ01, шаҳрванд Ахмедов Рустам Туйчиевич, санаи таваллудаш 04.01.1995, ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи С.Айнӣ бо шаҳрванд Ҳамроев Алишер Содиқович, санаи таваллудаш 3.04.1988, ронандаи автомашинаи «BYD», рақами қайди давлатиаш 7266TT09, аз сабаби барои аз роҳ гузаштан ба ҳамдигар роҳ надодан, номбурдагон бо якдигар муноқиша кардаанд. Чуноне аз навори дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашргардида дида мешавад, дастгиршуда Ахмедов Рустам бо лагат Ҳамроев Алишерро лату кӯб мекунад, ки дар натиҷа ӯ ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin