• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш: гумонбарони ҷинояти авбошӣ дар ҳабси пешакӣ қарор доранд
Вокуниш: гумонбарони ҷинояти авбошӣ дар ҳабси пешакӣ қарор доранд

Вокуниш: гумонбарони ҷинояти авбошӣ дар ҳабси пешакӣ қарор доранд

  Як нафар сокини шаҳри Душанбе тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намуд, ки гӯё ҷинояти авбошии гурӯҳии ноболиғон, ки дар натиҷаи он як нафар ба ҳалокат расидааст, дар сатҳи зарурӣ мавриди тафтиш қарор дода нашудааст.
  Муроҷиати мазкур бе восита аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шуд.
  Вобаста ба ин расман ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки ҳодисаи мазкур ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
  Қобили зикр аст, ки санаи 9-уми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 20:40 дақиқа, дар кӯчаи Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур, аз сабаби нофаҳмиҳои қаблан вуҷуддошта ду гурӯҳ ноболиғон, дар ҷойи ҷамъиятӣ бо истифода аз олоти халандаю бурранда ҳамдигарро мавриди латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷаи ин муноқиша ва бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ, ноболиғ Хушбахтов Р. дар беморхона ба ҳалокат расид.
  Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрвандон:
Шарипов Беҳрӯз Меҳроҷович, санаи таваллудаш 06.07.2007, сокини ш.Душанбе, к.Рӯдакӣ;

Раҷабзода Умар Холмаҳмад, санаи таваллудаш 22.06.2007, сокини ш. Душанбе, маҳаллаи Қаротегин;


Самадов Абдураҳмон Қаҳрамонович, санаи таваллудаш 01.10.2006, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Саҳбо;


Мадхолов Идрис Тоҷиддинович, санаи таваллудаш 29.11.2008, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Деҳлавӣ;


Яъқубов Муҳаммад Баҳриддинович, санаи таваллудаш 09.06.2008, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев дастгир карда шудаанд.


  Дар робита ба ҷинояти мазкур нисбати 5-нафар гумонбарон тибқи талаботи моддаҳои 237 ва 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Раёсати ВКД дар ш.Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin