• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо баҳонаи фолбинӣ аз худ кардани ҷавоҳирот бо арзиши беш аз 30 000 доллар
Бо баҳонаи фолбинӣ аз худ кардани ҷавоҳирот бо арзиши беш аз 30 000 доллар

Бо баҳонаи фолбинӣ аз худ кардани ҷавоҳирот бо арзиши беш аз 30 000 доллар

  Мутаассифона то ҳол ҳастанд нафароне, ки гӯё ба соҳибкаромот ва истеъдоди фавқулодда доштани соҳирону фолбинон бовар мекунанд. Маҳз ҳамин боварист, ки то ҳол ин тоифаи муфтхурон аз байн нарафтаанд.
  Кормандони милитсия шаҳрванд Ҳалимова Донагул, соли таваллудаш 1974, сокини ш.Душанберо дастгир намуданд, ки аз содагиву зудбоварии шаҳрвандон истифода намуда, бо ваъдаи фолбиниву ҷодугарӣ ва ба истилоҳи мардумӣ гарм намудани муносибатҳои занону мардон, маблағҳои калони пулӣ ва ҷавоҳироти гаронарзиши занҳоро гирифта, аз они худ мекардааст.
  Аз ҷумла, аз як нафар ҷавонзани сокини пойтахт, барои шавҳарашро бо ӯ дилгарм намудан, шумораи зиёди ҷавоҳироти нуқрагину тиллогин, ки беш аз 30-ҳазор доларро ташкил медиҳанд, гирифта, дигар бозпас надодааст.
  Ҳалимова Донагул дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin