Боздошти ҷавони 29-сола бо ҷурми авбошӣ

Боздошти ҷавони 29-сола бо ҷурми авбошӣ

  Дар асоси муроҷиати як нафар ҷавондухтар аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Каримов Дилшод Каримович, санаи таваллудаш 15.07.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда санаи 24-уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 14:00 дақиқа дар кӯчаи Гипрозем ба ҷавондухтари муроҷиаткунанда, ки аз роҳ мегузашт дағалона рафтор намуда, дар баробари суханони қабеҳ гуфтан, ҳамзамон ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст. Бо ин кирдораш дастгиршуда тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҷинояти авбоширо содир кардааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Каримов Дилшод тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin