• Home »
  • ХАБАР »
  • Баргузории чорабиниҳои гуногуну шавқовар бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон»
Баргузории чорабиниҳои гуногуну шавқовар бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон»

Баргузории чорабиниҳои гуногуну шавқовар бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон»

  Ба андухтани илму дониш, тарғиби тарзи хаёти солим ва машғул шудан ба варзиш ҷалб намудани наврасон ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар ин замина мақомоти милитсия, ки таъминкунандаи тартиботу ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон аст, ҷиҳати таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон низ пайваста талош менамояд.


  Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон», дар доираи маҳфили «Маърифати Ватандӯстӣ» дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо ҷалби фарзандони кормандони милитсияи пойтахт маҳфили маърифатию фарҳангӣ баргузор карда шуд.
  Чорабинӣ аз се бахш иборат буда, наврасон нахуст бо фаъолияти кормандони милитсия шинос шуданд. Ҳамзамон дар саҳни бинои Раёсат бо ҷалби рассомон ба наврасон кашидани ҳар гуна расмҳои шавқовар нишон дода шуд.


  Дар қисмати дигари чорабинӣ дар маркази бозиҳои кӯдакона ҳар гуна машғулиятҳои гимнастикӣ намоиш дода шуд. Инчунин ба наврасон аз ҷониби собиқадори милитсия пойтахт, подполковники милитсия Ҷобирзода Собир намудҳои гуногуни кабӯтар, товус, тутӣ ва дигар паррандаҳо намоиш дода шуда, ба наврасон оид ба ин паррандаҳо маълумотҳои шавқовар пешниҳод гардид.


  Дар охир ба наврасон аз номи роҳбарияти мақомоти милитсия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin