• Home »
  • ХАБАР »
  • Татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати соҳибкори бозори «Кӯшониён»
Татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати соҳибкори бозори «Кӯшониён»

Татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати соҳибкори бозори «Кӯшониён»

  Дар асоси муроҷиати электронии як нафар шаҳрванд аз ҷониби кормандони милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, Ҷураев Шорух Ҷурабоевич, санаи таваллудаш 20.04.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов, ки дар бозори «Кӯшониён» ҳамчун соҳибкори инфиродӣ фаъолият намуда, ба фурӯши асбобҳои техникии маишӣ машғул аст, дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки санаи 18-уми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 09:20 дақиқа, шаҳрванд Ҷураев Шорух дар заминаи хусумату бадбинӣ, соҳибмулки мағозае, ки дар паҳлӯи ӯ ҷойгир аст, нисбаташ дашномҳои қабеҳ намуда, бо ӯ муноқишаи лафзӣ кардааст.
  Ҳамзамон номбурда бо ин амали худ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, шаъну шарафи муроҷиаткунандаро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Ҷураев Шохрух тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи И.Сомонӣ нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба анзодаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin