Диққат! Ба ҳар гуна паёмак бовар накунед!

Диққат! Ба ҳар гуна паёмак бовар накунед!

  Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан «Ватсапп», дар байни шаҳрвандон паёмаке паҳн гардидааст, ки як гурӯҳи ҷиноятӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон рафта, худро кормандони мақомоти милитсия муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу васила ба рабудани пулу моли шаҳрвандон машғуланд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур макомоти корхои дохили ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, он аз ҷониби афроди ғаразнок бо мақсади ба ташвиш овардани шаҳрвандон паҳн карда шудааст.
  Ба иттилои шаҳрвандон мерасонем, ки ба ҳар гуна овоза ва хабарҳои беасос эътимод накарда, танҳо ба маълумот ва хабарҳои расмӣ, ки тавассути воситаҳои ахбори омма нашр мегарданд, бовар кунанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin