• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасии муроҷиати Фейсбукии як нафар сокини пойтахт
Баррасии муроҷиати Фейсбукии як нафар сокини пойтахт

Баррасии муроҷиати Фейсбукии як нафар сокини пойтахт

  Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, муроҷиати электронии як нафар зан, сокини шаҳри Душанбе оид ба мавриди латукӯб қарор гирифтани фарзанди ноболиғаш дар дохили Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ноҳияи Фирдавсӣ, мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шуд.
  Дар натиҷаи пурсиши шоҳидони ҳодиса ва санҷиши навори камераҳои назоратии дохили муассиса, муайян карда шуд, ки санаи 31-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 9:35 дақиқа, ҳангоми танаффус, хонандагон-духтарони синфи 8 дар саҳни бинои мактаб аз шухӣ ба муноқиша гузашта, бо якдигар даст ба гиребон шудаанд. Санҷиши ҳодисаи мазкур собит сохт, ки дар вайрон намудани тартибот ва сар задани муноқиша байни хонандагон, ҳар ду ҷониб мусоидат намудаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати панҷ нафар волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуданд.
  Ҳамзамон, ҷиҳати нокифоя ба роҳ мондани назорати хонандагон, ки боиси муноқиша дар дохили муассисаи таълимӣ гардидааст, бо роҳбарият ва нафарони масъули муассисаи таълимии мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin