Ҷабри Устод беҳ аз меҳри падар…

Ҷабри Устод беҳ аз меҳри падар…

  Ба ҷо овардани эҳтироми устод ва қадршиносии талошу заҳматҳои ӯ қарзи шогирдии ҳар як нафар ба шумор меравад. Зеро маҳз талошу заҳматҳои омӯзгорон ва таълиму раҳнамоиҳои онҳост, ки ҳар яки мо донишҳои гуногунро аз бар намуда, баҳри рушду тараққиёти ҷомеа саҳм мегузорем.
  Мутаассифона, дар баъзе ҳолат нафароне ҳастанд, ки ба қадру қиммати заҳматҳои омӯзгор нарасадида, боиси ранҷу озори ӯ мегарданд.
  Аз ҷумла, санаи 25-уми майи соли ҷорӣ, дар як қатор сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби устод сарзаниш намудани хонанда инъикос ёфтааст.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 24-уми майи соли ҷорӣ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Сино рух додааст.
  Омӯзгори фанни Математика-Ғоибов Ҳотам Сатторович, санаи таваллудаш 06.08.1959, ки муддати тулонист ба таълими насли наврас машғул аст, ба амалу рафтори ноҷои хонанда ва надоштани лавозимоти хониш эрод гирифта, бо мақсади ислоҳ ӯро сарзаниш кардааст. Аммо, ин ҳолат, ки танҳо ғамхории падаронаи ӯстод нисбати хонанда аст, аз ҷониби хонандаи дигар, ки аз бемасъулиятии волидайни худ истифода бурда, ба мактаб телефони мобилӣ овардааст, бо мақсади паст задани шаъну шарафи устод наворбардорӣ намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби дигар хонандагон низ раванди дарс халалдор гаштааст.


  Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ холисона санҷиш карда шуда, баҳои қонунӣ дода шуд. Вобаста ба ин нисбати волидайни 4-нафар хонанда, барои зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, ки бе ашёи хониш ва телефони мобилӣ ба мактаб ҳозир гашта, ба раванди дарс халал расонидаанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
  Ҳамзамон нисбати муаллим низ ҷиҳати минбаъд муносибати бодиққатона бо хонандагон ва риояи низоми таҳсилот, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin