• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ду наврас барои дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Боздошти ду наврас барои дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Боздошти ду наврас барои дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Санаи 13-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 21:00, як нафар ҷавондухтари сокини шаҳри Душанбе, тавассути суроғаи электронӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт дар он хусус муроҷиат намуд, ки дар кӯчаи Н.Муҳаммад, назди собиқ бозори «Шоҳмансур», ду ҷавонписар ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро паст задаанд. Дар натиҷа, бо гузашти ҳамагӣ чанд соат аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони гумонбар муайян ва дастгир карда шуда, ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дастрас карда шуданд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки инҳо шаҳрвандон Маҳмадуллозода Абубакр, санаи таваллудаш 11.12.2004 ва ноболиғ Ғоибов А. мебошанд. Дастгиршуда Маҳмадуллозода Абубакр дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар макони ҷамъиятӣ нисбати ҷавондухтари муроҷиаткунанда чунин амали зиштро раво дидааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Маҳмадуллозода Абубакр тибқи талаботи моддаи 463 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.


  Ҳамзамон барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) ва нисбати волидайни ноболиғ Ғоибов А. тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба Суд ирсол карда шуданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin