• Home »
  • Баромадҳо »
  • Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади танзими нархи маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади танзими нархи маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади танзими нархи маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон

  Дар доираи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9-уми марти соли ҷорӣ, зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин таъкид намуданд, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия, дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ваколатдор, бо мақсади назорат ва танзими маҳсулоти ниёзи аввал, бо соҳибмулкону тоҷирони марказҳои савдо ва таъминкунандагони маҳсулоти хурокворӣ мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст.
  Аз ҷумла, чунин вохурӣ аз ҷониби сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод, бо фаъолони ҷомеа ва соҳибмулкони марказҳои савдои ҳудуди хизматии шуъбаи мазкур анҷом дода шуд.


  Таъкид гардид, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи пурбаракат ва хайру сахо буда, ҳар шахс метавонад дар доираи имкониятҳои худ ба ятимону муҳтоҷон кумак расонад. Мутаассифона баъзе аз нафарони алоҳидаи фурсатталаб, бо мақсади ба даст овардани манфиати бештар дар ин моҳи муборак нархи молу маҳсулотро дучанд гарон мекунанд, ки воқеан ин амали ношоистаи онҳо берун аз ахлоқи инсонгарист.
  Вобаста ба ин, аз ҳамаи тоҷирону соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар доираи имкониятҳои худ мувозинати нархи молу маҳсулотро нигоҳ дошта, ба ятимону дигар шаҳрвандони ниёзманд кумакҳои худро дареғ надоранд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin