4-далели ба муқобили самт идора намудани воситаи нақлиёт

4-далели ба муқобили самт идора намудани воситаи нақлиёт

  Ба муқобили самт идора намудани воситаи нақлиёт, ин дидаву дониста дар хатар мондани ҷони худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад. Ҳодисаҳои мудҳиши нақлиётии бисёрест, ки маҳз дар натиҷаи ба муқобили самт идора намудани воситаи нақлиёт ба вуқуъ пайваста, боиси бардоштани ҷароҳат ва ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардидааст.
  Як нафар шаҳрванд, тавассути саҳифаи иҷтимоӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт 4-далели чунин қоидавайронкунии дағали ронандагонро ирсол намуда, дархост намуд, ки нисбати номбурдагон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Зимни санҷиши навори ирсол намудаи шаҳрванд, ронандагони зерин:
Сулаймонӣ Самандар Султонмурод, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 6677ZM01;


Толибҷони Аҳмад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 1984ОА01;


Раҳимов Шамсулло Кароматуллоевич, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 1966YT01;


Ғафурова Хатичахон Салмоновна, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Витс», рақамҳои қайди давлатиаш 1984GX01 боздошт гардида, ба Шуъбаи бозрасӣ дастрас карда шуданд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба самти муқобили хати ҳаракати воситаҳои нақлиёт баромадан, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin