• Home »
  • ХАБАР »
  • 15-шабонарӯз: Боздошт ва ҳабси марди дағалгуфтор
15-шабонарӯз: Боздошт ва ҳабси марди дағалгуфтор

15-шабонарӯз: Боздошт ва ҳабси марди дағалгуфтор

  Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, барои вайрон намудани тартибот дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ шаҳрванд Идрисов Қаноат Анварович, санаи таваллудаш 10.02.1979 дастгир карда шуд.
  Чуноне аз навор дида мешавад, номбурда санаи 8-уми январи соли ҷорӣ, тақрибан соати 16:10 дақиқа ҳангоми дар дохили Автобуси хатсайри №3 қарор доштан, бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ҳамзамон дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, бо ин амалу рафтори худ табъи дигар мусофиронро хира намуда, боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати дастгиршуда Идрисов Қаноат тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin