• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси 3-нафар ҷавондухтар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Ҳабси 3-нафар ҷавондухтар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Ҳабси 3-нафар ҷавондухтар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Пирова Мадина Сафаровна, санаи таваллудаш 17.05.1997, Ҳасанова Таманно Сафаровна, санаи таваллудаш28.07.1999, истиқоматкунандагони шаҳри Турсунзода ва Қурбонова Фархунда Шарифбеговна, санаи таваллудаш 2.08.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор дастгир карда шуданд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 16-уми январи соли ҷорӣ, ҳангоми дар дохили маркази дилхушии «Сайёра», воқеъ дар кӯчаи Яккачинор қарор доштан, нисбати муҳофизони тарабхонаи мазкур дашному ҳақорат намуда, бо алфози кабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар се дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намуд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin