• Home »
  • ХАБАР »
  • 7-шабонарӯз: ҳабси маъмурии вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ
7-шабонарӯз: ҳабси маъмурии вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ

7-шабонарӯз: ҳабси маъмурии вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ

  Санаи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 03:00 дақиқа, як гурӯҳ ҷавонон дар тарабхонаи “Бухоро Палас” бо ҳамдигар муноқиша намуда, бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ҳамчун гумонбар шаҳрвандон: Гулов Алишер Шералиевич, санаи таваллудаш 11.08.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Маҳмадбеков Раҳмон Азизбекович, санаи таваллудаш 20.09.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Хоҷаев Ҷасур Фаррухович, санаи таваллудаш 22.09.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Шарипов Суҳроб Рустамович, санаи таваллудаш 20.01.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуданд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон дар ҳолати сархушӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо ҳамдигар муноқиша кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи И.Сомонӣ ирсол карда шуд. Аз ҷониби Суд нисбати дастгиршудагон ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ татбиқ гардид.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin