Сӯхтор дар нуқтаи «тезтайёр»

Сӯхтор дар нуқтаи «тезтайёр»

  Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки шаби гузашта ошхонае дар бозори «Саховат» оташ гирифтааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки санаи 17.12.2023, тахминан соати 01:24 дақиқа, ошхона не балки дар дукони тезтайёр, воқеъ дар кӯчаи А.Фирдавсӣ, ки ба шаҳрванд Муссоев Бобохон Қурбонхонович, санаи таваллудаш 1956, сокини шаҳри Кӯлоб тааллуқ дорад, сухтор ба амал омадааст.
  Кормандони сӯхторхомӯшкунӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, сухторро дар масоҳати аввалааш (10 метри мураббаъ) пурра хомӯш намуданд.
  Мувофиқи санҷиши пешакӣ сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin