Боздошти қаллоб
Дар натиҷаи баррасии муроҷиати як нафар сокини шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ шаҳрванд Каримов Шодмон Тағоймуродович, санаи таваллудаш 06.06.1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда бо роҳи фиреб маблағҳои пулии шаҳрвандонро аз они худ мекардааст.
Аз ҷумла, номбурда ҳангоми дар назди дастгоҳи худкори маблағгузаронии «Душанбе-ситӣ» қарор доштан, бо роҳи фиреб ба боварии як нафар сокини шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаи ба суратҳисобаш пардохт намудан, аз ӯ 2000-сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
Айни замон, бо мақсади муайян намудани дигар кирдорҳои ҷиноятии гумонбаршаванда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Аз шаҳрвандон низ хоҳиш карда мешавад, ки агар мавриди фиреби ин нафар қарор гирифтаанд, метавонанд ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянл.