Ҷаримабандии ронандаи «Тайота» барои убури нодурусти роҳ
Дар асоси навори ирсол намудаи як нафар шаҳрванд аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота», рақамҳои қайди давлатиаш 1122TR01, шаҳрванд Садуллоев Умар Исматуллоевич, санаи таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе боздошт карда шуд.
Чуноне аз навори ирсол намудаи шаҳрванд дида мешавад номбурда санаи 2-юми октябри соли ҷорӣ, ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Н.Қарабоев бо нақлиёти худ сафолакҳои ороишии роҳи пиёдагардро зер намуда, аз ҷойи номуайяншуда роҳро убур ва қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Садуллоев Умар тибқи талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокол тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба мақомоти ваколатдор ирсол карда шуд.