• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҷлили рӯзи забони давлатӣ ва кормандони оперативӣ
Таҷлили рӯзи забони давлатӣ ва кормандони оперативӣ

Таҷлили рӯзи забони давлатӣ ва кормандони оперативӣ

  Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи касбии кормандони оперативии мақомоти милитсия, дар доираи маҳфили «Маърифати ватандӯстӣ» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
  Дар ин ҳамоиш муовини роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, собиқадорон ва ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

  Дар қисмати аввали чорабинӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ доир ба таъриху таҳаввулот ва бузургдошти забони тоҷикӣ бо қироати порчаҳои шеърӣ суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки маҳз забон дар тули таърих нигоҳдорандаи арзишҳои миллати тоҷик ба шумор рафта, миллати тоҷикро дар кашмакашҳои таърихӣ ҳамеша забони нобу шевояш ҳифз кардааст.
  Ҳамчунин муҳимтарин масъалаҳои забон ва таҳкими минбаъдаи он мавриди баррасӣ қарор гирифта, иброз гардид, ки боиси ифтихор аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ ба тадриҷ рушд намуда, ҳамчун забони илм муаррифӣ мешавад.

  Дар қисмати дигари чорабинии мазкур муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Ғафурзода Аҳлиддин доир ба фаъолияту ҷоннисориҳои кормандони самти оперативии мақомоти милитсия ибрози андеша намуд. Мавсуф иброз дошт, ки дар баробари кормандони дигар бахшҳои милитсия кормандони бахши оперативӣ ҷиҳати ошкору дастгирнамоии афроди ҷиноятпеша, таъмини волоияти қонуну тартибот, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон нақши муҳим доранд.
  Дар қисмати охири чорабинӣ як қатор кормандоне, ки дар фаъолияти корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin