• Home »
  • ХАБАР »
  • Таъсиси гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати ошкорсозии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ
Таъсиси гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати ошкорсозии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ

Таъсиси гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати ошкорсозии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ

  Ҳамасола бо амадани фасли сармо талабот ба истифодаи нерӯи барқ афзоиш ёфта, баъзе аз шаҳрвандон дар хонаву коргоҳи худ ба истифодаи ғайримақсаднок ва берун аз ҳисобкунакҳои барқӣ даст мезананд, ки ин амали ғайриқонунии онҳо ба буҷаи давлат хисорот ворид месозад. Бо мақсади таъмини бемамонияти шаҳрвандон бо нерӯи барқ, ошкору пешгирии ҳолатҳои берун аз ҳисобкунак истифодабарии он ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати саривақт пардохт намудани маблағи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо ҷалби сохторҳои марбута гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ҳамарӯза рейду амалиётҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор менамоянд.
  Аз ҷумла, давоми чанд рӯзи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ як чанд ҳолати истифодаи нерӯи барқ берун аз ҳисобкунак ошкор карда шуд.
  Чунончӣ, шаҳрванд Раҳмонова Баҳриниссо санаи таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бар хилофи қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ амал намуда, муддатест дар дукони «Тезтайор» бе ҳисобкунак нерӯи барқро ба манфиати худ истифода намудааст.
  Инчунин зимни санҷиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Ҳалимов Додарбек Каримович, соли аваллудаш 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе маҳаллаи Сабзикор ва шаҳрванд Зувайдов Холмаҳмад Исматович, соли таваллудаш 1960, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дар манзилҳои истиқоматиашон бе ҳисобкунак аз нерӯи барқ исфтифода бурда, бо ин амали худ талаботи қонунгузориро дағалона вайрон кардаанд.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ирсол карда шуданд.
  Вобаста ба ин аз кулли шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода намуда, бо саривақт пардохт намудани маблағи истифодаи он ва пешгирии ҳолатҳои берун аз ҳисобкунак истифодабарии нерӯи барқ дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар саҳми худро гузоранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin