Мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

  Баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбӣ, пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва пешгирии содиршавии ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби наврасону ҷавонон, мавзӯъҳое буданд, ки зимни мулоқоти кормандони милитсия бо донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

  Дар мулоқоти навбатӣ бо донишҷӯён, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳама макотиби олии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, сардори хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Шоҳиён Алохуҷа, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзода Маҳкам ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ширкат намуданд.


  Нахуст Гулзода Маҳкам, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо барои рушди зеҳниву ҷисмонии наврасону ҷавонон тамоми шароитҳои зарурӣ таъкмин карда шудааст. Дар ин замина наврасонро мебояд танҳо ба андухтани илму дониш машғул гардида, вақти пурқиммати худро беҳуда сарфи амалҳои ношоям нагардонанд.


  Дар идомаи мулолоқот, полковники милитсия Алохуҷа Шоҳиён зимни суханронии худ бо овардани факту рақамҳои дақиқ аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ки бевосита аз ҷониби наврасону ҷавонон содир гардидаанд, ба донишҷӯён мисолҳо оварда, дар баробари ба андухтани илму дониш даъват намудани ҷавонон, ҳамзамон онҳоро аз оқибатҳои нангини ҷинояткорӣ ҳушдор намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки маҳз ҷавонони бо илму дониш ва дорои малакаи баланди касбӣ метавонанд саҳми бештари худро дар рушду нумуи кишвари азизамон гузоранд.


  Ҳамзамон зимни мулоқоти мазкур як қатор масъалаҳои марбут ба наврасону ҷавонон аз ҷумла, муҳтавои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи Ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуда, иброз гардид, ки дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як нафар ба шумор меравад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin