• Home »
  • Баромадҳо »
  • Вохурии навбатӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ
Вохурии навбатӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ

Вохурии навбатӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ

  Дар идомаи силсилавохуриҳо имрӯз (18.10.2023) дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мулоқоти навбатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе бо ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур баргузор гардид.


  Ширкатдорони мулоқот ҳар кадоме зимни суханронии худ ҷавонону донишҷӯёнро ба омӯхтани илму дониш, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии кишвар даъват намуда, иброз доштанд, ки даврони донишҷӯӣ қимматарин айёми умри инсон ба ҳисоб рафта, донишҷӯёнро мебояд ҳар лаҳзаи онро пурсамар истифода баранд. Доим аз пайи таҳсилу хондани китоб ва аз худ намудани илмҳои замона шуда, пурқимматтарин айёми зиндагониро беҳуда сипарӣ накунанд. Зеро маҳз донишу маърифат ва ахлоқу одоби ҳамида инсонро воломақому дар ҷамъият пурэҳтиром месозад.


  Воқеан имрӯз ҷавонони саъодатманди миллати тоҷик дар фазои сулҳу осоиштаҳолӣ зиндагонӣ намуда, ҷиҳати ба илм фаро гирифтани онҳо тамоми шароитҳои лозима таъмин карда шудааст. Дар ин радиф ҷавононро мебояд аз ин ҳама имконият ва шароитҳои фароҳамгашта самаранок итифода баранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin