Санҷиши навор: боздошт ва ҷаримабандии ронандаи «Хундай»

Санҷиши навор: боздошт ва ҷаримабандии ронандаи «Хундай»

  Дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақамҳои қайди давлатиаш 0007NP07, шаҳрванд Нозиров Маҳамадҷон Раҷабович, санаи таваллудаш 28.01.1995, сокини шаҳри Душанбе боздошт карда шуд.
  Чуноне аз наворҳо дида мешавад, як нафар мусофири дохили воситаи нақлиёти мазкур худро аз даричаи қисмати болоии автомашина ба берун бароварда, ба расмгирӣ машғул аст, аммо ронанда автомашинаи худро идора намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон кардааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Нозиров Маҳмадҷон тибқи талаботи моддаи 333 қисми 2, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ даст назадан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin