• Home »
  • ХАБАР »
  • Истифодаи нерӯи ҷисмонии ноболиғон қатъиян манъ карда шудааст!

Истифодаи нерӯи ҷисмонии ноболиғон қатъиян манъ карда шудааст!

  Давлату Ҳукумати кишвар ба таълиму тарбияи наврасон аҳамияти ҷиддӣ дода, сол то сол бо сохта ба истифода додани мактабу иншооти соҳаи мавориф тамоми шароитҳои зарурӣ барои ба илму дониш фаро гирифтани наврасон муҳайё карда шуда истодааст. Дар ин замина мутаассифона ҳастанд баъзе аз волидайне, ки ба таълиму тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ надода, ҳамзамон наврасонро ба иҷрои корҳои ҷисмонии душвор ҷалб намуда, талаботи қонунгузориро сарфи назар менамоянд.
  Қобили зикр аст, ки ҷалби ноболиғон ба иҷрои корҳои душвор ва ба манфиати худ истифода бурдани меҳнати ҷисмонии онҳо дар доираи қонунгузорӣ қатъиян манъ карда шуда, нисбат ба чунин афрод ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.
Вобаста ба ин, дар доираи нақша-чорабиниҳои махсус аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт пайваста дар ҳудуди шаҳри Душанбе рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида шуда, бо волидайн ва он нафароне, ки ноболиғон зери назорат ва тарбияи онҳо қарор доранд, суҳбату мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
  Аз ҷумла, давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни пешбурди рейду амалиётҳои санҷишӣ, дар маҷмуъ 2150-нафар ноболиғон, ки ба оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, шустушӯи воситаҳои нақлиёт, марказҳои бозии компютерӣ, чилимхона, савдои кӯчагӣ, дуд додани испанд ва дигар амалҳо машғул буданд, ба мақомоти милитсия дастрас карда шудаанд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур, нисбати волидайни наврасон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шудаанд.
  Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар доираи дастуруи супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пайваста дар байни наврасон маҳфилҳои маърифатию омӯзишӣ ташкил карда шуда, ҳамзамон мулоқоту суҳбатҳои самимӣ баргузор карда мешаванд. Дар ин замина аз кулли шаҳрвандон, махсусан волидайн ва он нафароне, ки дар таълиму тарбияи наврасон масъуланд хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки онҳо вақти пурқиммати худро ба амалу корҳои беҳуда сипарӣ кунанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin