Боздошти ду ронанда барои ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ

Боздошти ду ронанда барои ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ

  Бо суръати баланду сабқати нодуруст идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби баъзе аз ронандагон дар бештари маврид ба ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиётӣ меанҷомад. Вобаста ба ошкору пешгирии чунин қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт пайваста рейду санҷишҳо ва чорабиниҳои оперативӣ гузаронида мешаванд.


  Дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Волга”‘ рақамҳои қайди давлатиаш 1000LW01 шаҳрванд Назарзода Абдухалил Талбак, санаи таваллудаш 14.04.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Дарёобод ва ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес”, рақамҳои қайди давлатиаш 0048РА01, шаҳрванд Сатторов Муҳаммадюсуф Саидаброрович, санаи таваллудаш 24.04.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе боздошт карда шуданд.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе бо мақсади муайян намудани бартарии воситаи нақлиёти худ, байни ҳамдигар сабқат намуда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардаанд. Ҳамзамон лаҳзаи қонуншикании худро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр кардаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон аз ҷониби кормандони милитсия протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ кард шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin