15-шабонарӯз ҳабси ҷавони модарозор

15-шабонарӯз ҳабси ҷавони модарозор

  Эҳтироми волидайн қарзи фарзандии ҳар як нафар ба шумор меравад. Вале афсус ҳастанд афроде, ки бо амалу рафтори ношоиставу нангини худ волидайни хешро азият медиҳанд.
  Аз ҷумла, дар асоси муроҷиати волидайн, шаҳрванд Абдураҳимов Диловар Илҳомович, санаи таваллудаш 19.04.1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Набиев дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда пайваста ба нушидани машрубот машғул шуда, дар ҳолати мастӣ волидайни худро озор медодааст.


  Чунончӣ, санаи 30 майи соли ҷорӣ, тахминан соати 09:00, Абдураҳимов Диловар боз дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиш омада, бо падару модари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон ба амр ва талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, дар ҳолати мастӣ нисбати дигар атрофиён низ бо алфози қабеҳ дашном дода, боиси халалдор гаштани оромии шаҳрвандон гардидааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Абдураҳимов Диловар барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва модарозориву итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади чораҷӯи ба Суд ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ намуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin