• Home »
  • Баромадҳо »
  • Ҷавонон қалби бедори Ватан: таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Раёсати ВКД шаҳри Душанбе
Ҷавонон қалби бедори Ватан: таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Раёсати ВКД шаҳри Душанбе

Ҷавонон қалби бедори Ватан: таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Раёсати ВКД шаҳри Душанбе

  Дар доираи маҳфили “Маърифати Ватандӯстӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт, таҳти унвони “Нақши корманд-ҷавонони милитсияи пойтахт дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

  Сардори мақомоти милитсияи пойтахт, зимни сухани ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки имрӯз барои кору фаъолияти кормандони ҷавони милитсия аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам гаштааст. Дар мақомоти милитсия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Стратегияи давлатии ҷавонон ба нерӯ ва кадрҳои ҷавон афзалият дода мешавад, ки имрӯз 70% фисади кормандони милитсияи пойтахтро ҷавонон ташкил медиҳанд.
  Таъкид гардид, ки баҳри такмили донишу малака ва тахассуси кормандони ҷавони милитсия пайваста дарсу маҳфилҳои маърифатӣ ташкил карда шуда, корманд-ҷавонони милтсия ба илму дониш фаро гирифта мешаванд.


  Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар суханронӣ намуда, табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба «Рӯзи ҷавонон»-ро ба кормандони милитсияи пойтахт расонид. Чуноне номбурда иброз дошт кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, таъмини волоияти қонун ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, пайи иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ камари ҳиммат бастаанд. Раванди зудтағирёбандаи ҷаҳони муосир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бе таъсир намемонад. Вобаста ба ин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мебояд беш аз пеш зираку ҳушёр бошанд то пеши роҳи ҳама гуна аъмоли ношоям гирифта шавад.


  Ба таъкиди номбурда ҷавонони даврони соҳибистиқлол бо талошҳои созанда ва садоқатмандӣ ба давлату миллат нерӯи тавонову созанда будани худро собит намудаанд. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба нерӯи ҷавонон такя намуда, ҷавононро насли ояндасози миллат унвон кардаанд. Дар навбати худ ҳар як ҷавонро мебояд беш аз пеш барои рушди кишвари маҳбубамон-Тоҷикистон холисона талош намоянд. Зеро маҳз ҷавонони бо илму дониш метавонанд ояндаи дурахшони давлату миллати хешро таъмин намоянд.


  Дар идомаи чорабинии мазкур ҳамзамон сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода низ суханронӣ намуда, тамоми ҳайати шахсии милитсияи пойтахтро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта, хизматҳои онҳоро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуд.
  Дар қисмати дигари чорабинӣ як қатор кормандони ҷавони милитсияи пойтахт бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорнома ва бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ҳамзамон якчанд нафар наврасон, ки бори аввал шиносномаи миллӣ мегиранд, дар вазъяти тантанавӣ шиносномаҳои миллӣ тақдим карда шуданд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin