• Home »
  • ХАБАР »
  • Вокуниш: пешсудшуда дар ҳолати мастӣ ба ҳушёрхонаи тиббӣ дастрас карда шуд
Вокуниш: пешсудшуда дар ҳолати мастӣ ба ҳушёрхонаи тиббӣ дастрас карда шуд

Вокуниш: пешсудшуда дар ҳолати мастӣ ба ҳушёрхонаи тиббӣ дастрас карда шуд

  Навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, ки дар он ҳолати аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва ба автомашина савор намудани як нафар инъикос ёфтааст, мавриди санҷиш қарор дода шуд. Муйян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 28-уми апрели соли ҷорӣ, тақрибан соати 21:45 дақиқа, дар хиёбони Рӯдакӣ, назди ТВ-Сафина рух додааст.
  Нафаре, ки аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд, шаҳрванд Сайфуллоев Худойдод Тағоевич, санаи таваллудаш 12.10.1976, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Абдуллобеков мебошад, ки қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои ғоратгарӣ (моддаи 248), дуздӣ (моддаи 244) ва авбошӣ (моддаи 237) дар умум ба муҳлати 13 сол маҳбасӣ гардидааст.
  Номбурда санаи мазкур ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштан, дар ҳолати мастӣ бо алфози қабеҳ шаҳрвандону атрофиёнро дашном дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон, ба амру талаботи қонунии кормандони милитсия, ки мехостанд ӯро ором намуда, ба ҳушёрхонаи тиббии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намоянд, итоат накарда, бо алфози қабеҳ онҳоро низ дашном додааст.
  Вобаста ба ин, шаҳрванд Сайфуллоев Худойдод, барои дар ҳолати мастӣ қарор доштан, тавассути автомашинаи патрулӣ ба ҳушёрхонаи тиббӣ дастрас карда шуд. Дар асоси талаботи қонунгузорӣ номбурда то бартараф гаштани ҳолати мастӣ дар ҳушёрхона нигоҳ дошта шуд.
  Қобили зикр аст, ки вобаста ба муносибати ғайриоинномавӣ нисбати кормандони милитсия низ чораҳои таъсиррасони интизомӣ татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin